Мояи хайру давом

Мояи хайру давом

Ин гули хушбӯй лутфи довар аст

Осмони зиндагиро ахтар аст

Хандааш ширину лаззатофарин

Меҳрубону ҳамнишину ёвар аст  

Арзишаш бошад чунон боло баланд

Сурае дар мадҳи ӯ чун Кавсар аст  

Нури чашмони падар дар зиндагӣ

Баҳри ӯ гоҳе ба нақши модар аст  

Доимо гӯям ба лаб шукри Худо 

Бо ҳааёву бовиқору атҳар аст  

Гар писар ҳам неъмати Ҳақ ҳаст лек

Ҳастияш дар хона хосу дигар аст

Насли моро мояи хайру давом

Он ки з-инҳо беш бошад духтар аст

Абдусалом

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.