Тавсеяҳои Паёмбар(с) ба Абузар

Тавсеяҳои Паёмбар(с) ба Абузарتوصیه های پیامبر ص به ابوذر

Дар ҳадиси Абузар аст ки гуфт: Ба Расули Худо(с) арз кардам; … эй Парёмбари Худо(с) маро насиҳате кунед.

Фармуд: Туро насиҳат мекунам ба тақвои Худо ки асоси кори туст.

Гуфтам: Бештар насиҳат кунед.

Фармуд: Бар ту бод ба тиловати Қуръон ва ёд кардани Худо ки ёди туст дар осмон ва нуре барои ту дар замин.

Гуфтам: Бештар насиҳат кунед.

Фармуд: Аз хандаи бисёр бипарҳез, ки қалбро мемиронад ва нури чеҳраро мебарад.

Гуфтам: Бештар насиҳат кунед.

Фармуд: Бар ту бод ба ҷиҳод кардан ки ҷиҳод, дунёгурези уммати ман аст.

Гуфтам: Бештар насиҳат кунед.

Фармуд: Ба зердасти худ нигоҳ кун ва ба боло дасти худ мангар, ки ин кор, ба инки неъмати Худоятро носипоси ва табоҳ накунӣ, сазовортар аст.

Гуфтам: Бештар насиҳат кунед.

Фармуд: Ҳаққро бигӯ, агарчи талх ва ногувор бошад.

Гуфтам: Бештар насиҳат кунед.

Фармуд: Дар роҳи Худо, аз сарзаниши сарзанишкунандагон ҳаросе надошта бош.

Гуфтам: Бештар насиҳат кунед.

Фармуд: Он айбҳо ки дар худ суроғ дори, бояд туро аз айбҷӯи мардумон боз дорад ва набояд бо онон ба хотири амалҳое, ки худ меписанди (ва анҷо медиҳи) ба хашм рафтор кунӣ.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.