Ҷашни Алифбо

Ҷашни АлифбоДавидем давидем
Назди шумо расидем
Шукри Худо ки имрӯз
Ин ҳама гулро дидем
Бо адабу матонат
Арзи салом дорем
Аз тарафи дӯстонам
Чандто паём дорем
Мо аз шаҳри Алифбо
Даъват шудем ба ин ҷо
Ин ҷашни бошукуҳро
Табрик гӯем бар шумо
Умедворам ҳамеша
Хушҳолу хандон бошед
Дар ҷашни зиндагӣ ҳам
Ба шодӣ меҳмон бошед
Фаҳмидаам Алифбо
Калиди ҳар забон аст
Касе муваффақ шавад
Ки донои ба он аст
Шукри Худо, ки мо ҳам
Алифборо медонем
Бо заҳмати муаллим
Менависем мехонем
Фотима

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.