Падар ва писар

Падар ва писар

Баъд аз ин ки ҳазрати Юсуф(а) хобашро ба падараш ҳазрати Яъқуб(а) гуфт падараш чунин фармуд:

قَالَ يَبُنَىَّ لَا تَقْصُصْ رُءْيَاكَ عَلَى‏ إِخْوَتِكَ فَيَكِيدُواْ لَكَ كَيْداً إِنَّ الْشَّيْطَنَ لِلْإِنْسَنِ عَدُوٌّ مُّبِينٌ

(Яъқуб) гуфт: Эй писарҷонам, хобатро барои бародаронат бозгӯ макун, ки бароят нақшаҳ‏ои (хатарнок) ме‏кашанд, зеро шайтон барои инсон душмани ошкор аст. Сураи Юсуф, ояти 5

Яке аз усули зиндагӣ роздорӣ аст. Агар мусулмонон ба ин оя амал ме‏карданд, ин ҳама китобҳои хаттӣ, осори илмӣ, ҳунарӣ ва атиқаҳои мо, дар мӯзеи дигарон ҷой намегирифт ва ба исми коршинос ва ҷаҳонгард аз манобеъ, имконот ва манофеъи мо огоҳ наме‏шуданд ва дар асари содагӣ ё хиёнат, асрор дар ихтиёри касоне, ‏ки доиман дар ҳоли макр зидди мо ҳастанд, қарор наме‏гирифт.

Ҳазрати Юсуф(а) хоби худро дӯр аз чашми бародарон ба падар гуфт, ки худ нишонаи тезҳӯшии ӯст.

1– Фарзандонро бо меҳрубонӣ мавриди хитоб қарор диҳед.

2- Падару модар бояд робитаҳ‏ои самимона бо фарзандон дошта бошанд то фарзандон битавонанд сухани худро бо онон матраҳ кунанд.

3- Хатари ҳасодат дар муҳити хона ва ҷомеаро ба фарзандон гӯшзад кунем.

4- Аз кӯдакӣ ва дар хонавода роздориро ба фарзандон биёмӯзем.

5 – Донистаҳо ва иттилоот, бояд табақа‏бандӣ шавад ва маҳрамона ва ғайри маҳрамона аз ҳам ҷудо гардад.

6- Ҳар ҳарферо ба ҳар касе назанем.

7-Махфӣ кардани фазоил ба хотирипешгирӣ аз ҳасодат‏ҳо, коре шоистааст.

8 –Бо пай бурдан ба истеъдоди фарзанд, онро бо дигар фарзандон баён накунем.

9- Дар муаррифии афроди тезҳӯш ва нобиға бояд эҳтиёт кард.

10- Ҳазрати Яъқуб(а) низ дорои илм ва мавҳибати таъбири хоб будааст.

11- Гоҳе шайтон дар остин аст.

12- Пешгирӣ беҳтар аз дармон аст. (Нагуфтани хоб ба бародарон навъе пешгирӣ аз таҳрики ҳасодат аст.)

13- Дар хонаводаи анбиё(а) низ масоили зидди ахлоқӣ ҳамчун ҳасад ва ҳила миёни фарзандон матраҳ аст.

14- Заминаҳои ҳасодатро шӯълавар накунед.

15- Ҳасодат сабаби нодида гирифта шудани ҳуқуқ ҳатто ҳаққи хешовандӣ ме‏гардад.

16- Бародарон Юсуф‏(а), ки аз хоби вай ва мақоми ояндаи ӯ иттилое надоштанд чунон карданд. Агар иттилоъ ме‏ёфтанд чӣ ме‏карданд?!

17- Пешбинӣ ва оянданигарӣ сифоти арзанда ҳастанд.

18- Ифшои асрор ва бархе ахбор, мумкин аст бисёр гарон тамом шавад.

19- Бархе асрор ба қадре муҳим ҳастанд, ки ифшои он зиндагии фард ё афродеро ба хатар ме‏андозад.

20- Дар мавориди муҳим ва ҳассос бояд хатарро пеш аз вуқӯъи он гӯшзад кард.

21- Ҳазрати Яъқуб(а) дар мавриди макри бародарон нисбат ба Юсуф(а) итминон дошт.

22- Дар пеш‏бинии масоили муҳим, гоҳе изҳорибадгумонӣ ва ё парда‏ бардоштан аз хислат‏ҳо монее надорад.

23- Лозим аст волидайн, аз рӯҳиёти фарзандонашон нисбат ба ҳам огоҳ бошанд то битавонанд эъмоли мудирият комил намоянд.

24- Макр ва ҳила кори шайтонӣ аст.

25- Шайтон бо истифода аз замина‏ҳои дарунӣ бар мо султа ме‏ёбад. (Ҳасодати бародарон заминаро барои бурузи душмани шайтон нисбат ба инсон фароҳам сохт.)

26-Шайтон душмани инсон аст, ҳатто агар паёмбарзода бошад.

27- Аз кӯдакӣ шайтонро ба кӯдакон бишиносонед ва нақши ӯро баён намоед.

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.