Тарҷумаи манзуми сураи Фил

Тарҷумаи манзуми сураи Фил

Сароғози гуфтор номи Худост,

Ки бахшандаву меҳрубон  халқрост.

Намедонӣ оё ту  эй некмард ,

Ки бо пилдорон Худоят чи кард ? (1)

На  оё чу карданд макр он ибод ,

Худо дод тадбирашонро ба бод ? (2)

Паранда фиристодашон фавҷ  фавҷ , (3)

Фикандандашон санги “сиҷил” аз авҷ . (4)

Пас он халқро бар ҳалокат супурд ,

Чу коҳи ҷавида бигаштанд хурд . (5

Назари худро нависед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр намешавад. Майдонҳои ҳатмӣ бо * ишора шудаанд.